РӮЙДОДИ АСОСИИ СОЛ ДАР САМТИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ

INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2026

Маълумоти пурра!

Душанбе, Тоҷикистон — Аз 18 то 20 июни соли 2026, дар Маркази намоишгоҳии байналмилалии «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулот ва хизматрасониҳои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2026» дар соҳаи тиб, косметология ва тандурустӣ баргузор мегардад.

Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар он ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок менамоянд. Чорабинии мазкур имконияти беназиреро барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ, намоиши дастовардҳои навтарин дар соҳаи тандурустӣ ва зебоӣ ва омӯхтани тамоюлҳои бозор ва дурнамои рушди соҳаро фароҳам меоварад.

Могут также заинтересовать

Все новости