Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)

06 декабри 2024 сол бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон аввалин  маросими «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор гардид. Боиси хурсандӣ аст, ки дар номинатсияи “Беҳтарин стартапи ватанӣ” лоиҳаи замимаи мобилии “Доруи ман” ба ҷоиза сарфароз гардид.

Тими барномасозони “Доруи ман” самимона барои дар чунин сатҳи баланд ташкил намудани чунин чорабинӣ ва баҳои баланд додан ба лоиҳаи “Доруи ман” миннатдории хешро ба Агентии иноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон мерасонад.

Ба ҳамаи истифодабарандагони барномаи “Доруи ман” саломатӣ ва хушбахтӣ хоҳонем!

Могут также заинтересовать

Все новости